Get Mystery Box with random crypto!

Полковник Олимназар Холиқназарови 37-сола яке аз афсарони кушт | Ахбори ВКД

Полковник Олимназар Холиқназарови 37-сола яке аз афсарони кушташуда дар муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Дар ин бора наздикони Олимназар Холиқназаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода гуфтанд, аз ӯ як кӯдаки 3 сола ятим мондааст.

Ӯ зодаи шаҳри Хоруғ аст.

Олимназар дирӯз, 18 сентябр дар шаҳри Хоруғ ба хок супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 16 сентябр вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ шуд.

ВКХ Тоҷикистон дар пайи ҳаводис аз кушта шудани 41 тан, бо шумули сокинони маҳаллӣ ва сарбозону афсарони тоҷик хабар дод.
Ҷониби Қирғизистон аз талафоти 59 нафар иттилоъ медиҳад.

"Фейсбук"