Get Mystery Box with random crypto!

: “Сарбозони қирғиз барои ҳар қатра хуни рехтаашон дар ин дунё | Ахбори ВКД

: “Сарбозони қирғиз барои ҳар қатра хуни рехтаашон дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд”
от Муаллиф: Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни қирғиз ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум карда, онро як амали золимона унвон кардааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
“Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд”, - иброз доштааст раиси Шӯрои уламои кишвар.