Get Mystery Box with random crypto!

Ахбори ВКД

Telegram каналынын логотиби khojaialotj — Ахбори ВКД А
Telegram каналынын логотиби khojaialotj — Ахбори ВКД
Канал дареги: @khojaialotj
Категориялар: Жаңылыктар
Тил: main.Kirgizian
Абоненттер: 2.08K

Ratings & Reviews

2.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


Акыркы Кабарлар 2

2022-09-19 01:29:41
Оқибати ҳуҷуми аҳдшиканонаи Қирғизистон

Бар асари ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба деҳаҳои наздимарзии кишвар, дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматии шаҳрвандон хароб гардидааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд." - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гуруҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад.
6.7K views22:29
Ачык / Комментарий
2022-09-19 01:09:51 Моҳи март Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон якҷоя қарор қабул карданд ки тибқи он истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар марзи ин ду давлат манъ карда мешавад. Вале рӯзи 16.09.2022 ҷониби Қирғизистон натанҳо аз ҳавопаймои бесарнишин истифода бурд балки бо он ба сӯи мардуми осоишта, ки баъди намоз аз масчиди Овчиқалъача мебаромаданд ҳамла кард, ки дар натиҷа зиёда аз 20 нафар ҳалок шуданд.
6.1K viewsedited  22:09
Ачык / Комментарий
2022-09-18 20:34:08 Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 20 сентябр рӯзи мотами миллӣ эълон шавад

Дар ин бора Сайҷаъфар Усмонзода дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст.

Вай дар шарҳи низоъ дар марз таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдори хунрезӣ нестанд, мардуми манотиқи наздимарзӣ аз замонҳои қадим равобити неки ҳамсоягӣ доранд.

Аз ин рӯ, комиссияи байнидавлатӣ бояд ҳарчӣ зудтар кори худро анҷом диҳад, гуфт сиёсатмадор.

Ӯ дар паёмаш ҳамчунин ба кулли тоҷиконе, ки рӯзҳои ахир наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
6.1K views17:34
Ачык / Комментарий